Мулоқоти Э. Раҳмон бо С. Лавров
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкорию ҳамшарикии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, энергетика, тиҷорату сармоягузорӣ, муҳоҷирати корӣ ва ғайра баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон имзо шуда буданд, зоҳир гардид. Ба мувофиқа расондани лоиҳаи созишномаҳо дар бораи содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, муҳоҷирати корӣ ва тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия аз ҷумлаи онҳоанд.Аз афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2012 беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки бо имзо шудани санадҳои нави баррасишаванда, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, таҳвили маҳсулоти нафтӣ ва саҳл намудани тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия, ин нишондод боз ҳам боло меравад.Гуфутгӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили ҳамкории минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Русия, сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






