Мулоқоти Г. Шералӣ бо намояндаи Бонки рушди Аврупо
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дирӯз мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Си.Си.Йю баргузор гардид.Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи лоиҳаҳои Хати байналмилалии интиқоли барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон, таҷҳизоти кушоди тақсимкунандаи 500 кВ НБО – и Норак, хатҳои интиқоли барқии минтақавии 220 кВ Ашт – Қайроққум ва 220 кВ Геран — Румӣ қайд карда, изҳори итминон намуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳо минбаъд низ вусъат хоҳанд ёфт.Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба барқарор кардани НБО – и «Сарбанд» ва татбиқи дигар лоиҳаҳо дар бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё дар ин бахш ба манфиатҳои судманди ҷонибҳо хоҳад буд.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






