Мулоқоти О. Оқилов бо Димитрис Ситсирагос

Январь 7, 2013 15:31

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Димитрис Ситсирагос мулоқот кард.Ҷонибҳо дар вохӯрӣ доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду молия, саноат, энергетика , нақлиёт, кишоварзӣ ва рушди инфрасохтор табодули афкор намуда, вусъат бахшидани раванди татбиқи лоиҳаҳои ҳамкориҳоро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуданд.Зимни мулоқот ҳамзамон доир ба афзун намудани раванди расонидани кӯмакҳои техникӣ ва маслиҳатҳои машваратӣ барои татбиқи лоиҳаҳои азхудкунии захираҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорати кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии кишлоқ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.Дар мулоқот ҳамзамон масоили дигари марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Январь 7, 2013 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад