Мулоқоти С. Абдулло бо П. Кулен
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). — Мулоқоти муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидғуфрон Абдулло бо мушовир оид ба масъалаҳои мудирият ва консулӣ, консули Сафорати Канада Питер Кулен доир гардид. Питер Кулен доир ба мушкилоти шаҳрвандони Канада дар Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Ў доир ба масоили гирифтани иҷозати кор, тамдиди раводиди шаҳрвандони ин кишвар ва бархе нофаҳмиҳое, ки дар ин замина ба вуҷуд меоянд, пурсон шуд. Муовини сардори Хадамоти муҳоҷират ба саволҳои Консули Сафорати Канада посухҳои мушаххас дода, пешниҳод намуд,ки ба таври пилотӣ дар яке аз минтақаҳои тобеи марказ Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил шавад.Пешниҳод аз тарафи Консул ба инобат гирифта шуд.Маврид ба зикр аст, ки имрӯз 195 нафар шаҳрванди Канада дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд.Дар ин бора ба АМИТ”Ховар” аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






