Мулоқоти Ш. Раҳимзода бо А. Қурбонова
Душапнбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода 29 январи соли равон бо ҳайати намояндагони Туркманистон таҳти роҳбарии муовини вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии ин кишвар Айной Қурбонова вохӯрӣ намуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии вазорат иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, ташкили бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳои тиҷоратӣ, инчунин содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаҳои афзалиятнок мубодилаи афкор намуданд. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баҳри рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ибрози назар намуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






