Муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳи гуфтушуниди мусолиматомез беҳ мегардад
Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Мушкилот дар равобити ду кишвари ҳамсоя-Тоҷикистону Ӯзбекистон дар он сатҳе нест, ки мо аз он воҳима созем», мегӯяд Худойбердӣ Холиқназаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф зикр кард, ки дар минтақа кишварҳое ҳастанд, ки муносибатҳояшон бо ҳамдигар аз ин ҳам сардтар аст. Мушкилот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди интиқоли гази табиӣ аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон ҳамасола пайдо мешавад ва он тавассути гуфтушунидҳои намояндагони комиссияҳои муштараки байнидавлатӣ роҳи ҳалли худро пайдо менамояд. Намояндаи масъули ниҳоди тадқиқоти стратегии кишвар таъкид кард, ки воқеан дар муносиботи Душанбею Тошканд мушкилот вуҷуд дорад ва мо онро эътироф мекунем. Бо вуҷуди ин раҳбарияти ҳукумат ва давлати Тоҷикистон саъйю талош менамояд, ки бо кишварҳои ҳамҷавор робитаҳои нек дошта бошад ва бо ҳусни тафоҳум муносибат намояд. Назар ба андешаи коршиносони масоили сиёсӣ муносиботи сардгаштаи Душанбею Тошкандро танҳо бо роҳи гуфтушуниди мусолиматомез сари мизи музокирот тавассути иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари ҳамҷавор метавон нарм кард. Дар ин росто Худойбердӣ Холиқназаров афзуд, ки самти пешгирифтаи сиёсати хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати дарҳои боз аст, барои рушди дурнамои давлатамон ва таҳкими субот дар минтақа, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд , тақвияти дӯстиву рафоқат, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамгироӣ бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон афзалияти бештар дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






