Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилӣ
Душанбе, 7 январ, (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз 16 то 20 январи соли равон дар Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади пешгирии ҳама гуна зуҳуроти вобаста ба маводи мухаддир ва мустаҳкам намудани алоқаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ мусобиқаи волейбол ва футболи хурд барои барои ба даст овардани Ҷоми вазири корҳои дохилӣ гузаронида мешавад. Дар мусобиқа дастаҳои ҳамаи ташкилоту идораҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ метавонанд иштирок варзанд. Макони доиршавии мусобиқа толори «Динамо», Маҷмааи варзишии ба номи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






