Мусодираи 21,5 кило маводи мухаддир
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Кормандони Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии як амалиёти бобарори фаврӣ садди роҳи интиқоли беш аз 21 кило маводи мухаддир ба Федератсияи Русия шуданд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, ин амалиёт муддати дурудароз тарҳрезӣ мешуд ва ҳаракати як гуруҳи гумонбар ба ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди пайгирӣ қарор гирифта буд. Ниҳоят, 21 январи соли равон марҳилаи ниҳоии амалиёти мазкур дар қаламрави ноҳияи Восеи вилояти Хатлон анҷом гирифт ва дар наздикии деҳаи Ибрат бо гумони қочоқи маводи мухаддир ду нафар аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ҳар кадом аз 27 сол беш надоштанд, боздошт гардиданд. Аз дастгиршудагон ду халтаи полиэтиленӣ ошкор ва мусодира шуд, ки дар дохилашон 27 бастаи селофании дорои маводи хокистарӣ бо бӯи махсус доштанд. Ҳамчунин як брикети растаниасл низ кашф гардид. Ба гуфти манбаъ, озмоишгоҳи ташхиси судии агентӣ собит кардааст, ки 20,5 килои маводи мусодирашуда афюн буда, наздик ба 1 килои он ҳашиш мебошад. Дар маҷмуъ аз боздоштшудагон 21,5 кило маводи мухаддир забт гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида ва барои шиносоӣ ва боздошти шарикони дигари гумонбарон тадбирҳо андешида шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






