Мусодираи беш аз 2 тонна маводи мухаддир дар Хатлон
Қурғонтеппа, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар соли 2012 2 тоннаю 864 кг маводи мухаддирро мусодира карданд. Назар ба қавли сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зафар Сайфуллоев дар соли 2011 1 тоннаю 852 кг маводи мухаддир мусодира гардид. Рақамҳо нишон медиҳанд, ки мусодираи маводи мухаддир дар соли 2012 хеле афзудааст. Аз ин шумора 215 килограмми он аз ҷониби кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон мусодира шудааст.Қобили зикр аст, ки дар соли гузашта дар вилояти Хатлон 1159 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2011 хеле камтар аст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






