Мусодираи беш аз 21 кило афюн аз мошин
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи кӯҳнаи шаҳри Душанбе мошини тамғаи «Нексия-Дэйво» таҳти идораи ронанда Дилшод Вадудов, сокини шаҳри Душанбе боздошт гардидааст. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД хабар доданд, ҳангоми тафтиши мошин аз зери ҷои нишасти мусофир Маҳмадӣ Нозимови 22- сола, сокини ноҳияи Данғара, 3 пакети селофанӣ, ки дар дохилашон 21 килою 262 грамм маводи нашъадори навъи афюн буд, дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






