Мусодираи героин дар фурудгоҳи Исфара
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди фурудгоҳи шаҳри Исфара шаҳрванд Абдусамад Раззоқови 58- сола, сокини кӯчаи Ҳафизови ноҳияи мазкур, пеш бо моддаи 195 қисми 2 КҶ ҶТ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД хабар доданд, зимни кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 840-грамм маводи сахттаъсири героин ва 8 килою 710 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






