Мутобиқгардонии боз як қонун ба талаботи СУС
Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик палатаи поёнии парлумони мамлакат лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор»-ро қабул намояд. Масъалаи мазкурро 28 январ аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ намуданд. Амир Катаев-раиси кумитаи палатаи поёнии парлумони мамлакат ин масъаларо тавзеҳ дода гуфт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор» бо мақсади аз байн бурдани мухолифати байни меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва мутобиқгардонии он ба меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, инчунин ҷиҳати танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор, ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва таъмини бехатарии маҳсулот ва риояи меъёру қоидаҳо ҳангоми истеҳсоли онҳо таҳия шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бевосита муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор муайян намуда, муносибатҳои истеҳсолию истеъмолии байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар ин соҳа танзим менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






