Н. Абдуллоев : «Шумораи хориҷиёни судшуда коҳиш ёфтааст»

Январь 14, 2013 12:04

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Шумораи хориҷиёне, ки дар давоми соли гузашта дар Тоҷикистон суд шудаанд, коҳиш ёфтааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси Суди Олӣ Нусратулло Абдуллоев иттилоъ дод. Ӯ қайд намуд, ки дар соли 2012 61 шаҳрванди хориҷӣ маҳкум шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 45 нафар судшуда камтар мебошад. Н. Абдуллоев афзуд, ки дар соли 2012 аз ҷониби коллегияҳои Суди Олӣ 328 қарори судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 589 шахс, 338 санади судӣ вобаста ба парвандаи гражданӣ, 208 адад оилавӣ ва 18 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Бояд гуфт, ки Суди Олӣ дар соли 2012 ба ҳайси суди марҳилаи якум 35 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 75 шахс баррасӣ намуд.

Январь 14, 2013 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд