Нақшаи генералии Вахшу Сарбанд ба итмом расид
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – «Имрӯзҳо дар пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Исфара 60 фоиз, Конибодом 95 фоиз, Панҷакент 65 фоиз, Истиқлол 95 фоиз, маркази ноҳияи Дарвоз 95 фоиз, Муъминобод 50 фоиз, Темурмалик 60 фоиз, Вахш ва Сарбанд 100 фоиз, Ҷилликӯл 90 фоиз ба итмом расидаанд», зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ Абдувалӣ Комилов, директори Агентии сохтмон ва меъмории ҶТ. Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии ҶТ бо назардошти талаботи имрӯзаи шаҳрсозӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ҷонибдорӣ гардида, аз ҷониби Президети ҶТ 28 декабри соли 2012 ба имзо расид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






