Нафти Русия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ ворид мешавад

Январь 17, 2013 16:22

Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров як силсила масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла дар соҳаи сиёсату энергетика, амният, савдо ва муҳоҷирати корӣ баррасӣ гардиданд.   Сергей Лавров пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон гуфт: «Мо ҷаҳд дорем, то ҳамаи он санадҳое, ки дар сафари расмии Владимир Путин ба Душанбе ба имзо расида буданд, сари вақт ва дар муҳлати муайянгардида татбиқ шаванд». Вазири корҳои хориҷии Русия изҳори итминон намуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои мухталиф, аз ҷумла СММ, ИДМ, СПАМ ва амсоли инҳо тақвият хоҳанд ёфт. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи созишномае, ки байни Тоҷикистону Русия ба имзо расид, бояд маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни ситонидани боҷи гумрукӣ ворид гардад.

Январь 17, 2013 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад