Намоиши китобҳои навин
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши китобҳои наву маҷаллаҳои навтаъсис баргузор гардид. Дар он қариб 400 номгӯй китоб, аз ҷумла адабиёт доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳилаи созандагӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва соли тамаддуни ориёӣ» ва дигар адабиёти навин ба намоиш гузошта шуда буд. Дар намоиш инчунин адабиёти иқтисодӣ, доир ба соҳаи табиатшиносӣ, техникӣ, санъат , ҷуғрофия, таърих, ҳуқуқ, филология, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, озарӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ нашр гардидаанд, ба намоиш гузошта шуда буд Луғату қомусномаҳо, адабиёти хориҷӣ, адабиёти нодир низ бо забони русӣ пешкаши тамошобинон гардид. Дар назар аст намоишгоҳи мазкур тӯли як ҳафта давом кунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






