Нашри «Кохи нуру кохи меҳр»

Январь 7, 2013 15:34

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Китоби рўзноманигори шинохта Самиюлло Сайфуллоев «Кохи нуру кохи меҳр бошанд з-умраш ёдгор» аз чоп баромад.Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти собиқ раиси шаҳри Норак шодравон Яҳё Мирфозилов бахшида шудааст. Дар пешгуфтор омадааст, ки зиндагиномаи Яҳё Мирфозилов барои ҷавонон ибратомўз буда, намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад. Шоир Низом Қосим менависад: «Ҳар гоҳе, ки ба Норак меравам, ё номи пуровозаю пурифтихори онро мешунавам, дар қатори мардони нурониву нурофари ин шаҳри машҳуру ин кохи беназири нур «раиси Мирфозилов» -ро ба некӣ ёд мекунам». Оид ба ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии Яҳё Мирфозилов инчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шакарбек Самадов, нависандагон Ҳоҷӣ Содиқ, Ҷамолиддин Тошматов, шоирон Сироҷиддин Осимӣ, Ҳоҷӣ Турсунпўлод Амини Истаравшанӣ, Б. Елманов хотираҳои неки худро гуфтаанд. Китоб барои доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.

Январь 7, 2013 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд