Нашри осори классикон ва адибони муосир
Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- «Тибқи «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» 15 ҳазору 825 адад китоби нав ба китобхонаҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим гардид»,-иттилоъ дод 21 январ зимни нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги мамлакат Мирзошоҳрух Асрорӣ. Ба қавли вазир, дар маҷмуъ аз ҷониби вазорат 155 номгӯй китоб ва дигар нашрияҳо дар ҳаҷми 291 ҳазору 600 адад чоп шуда, 97 нашрия ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2012 аз Фонди захиравии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои нашри адабиёти бадеӣ 1 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки бо истифодаи он нашриёти «Адиб» 42 номгӯй асари классикон ва нависандагони муосирро бо теъдоди 93 ҳазору 500 нусха аз чоп баровард. Ҳамчунин аз ҳисоби даромадҳои ин нашриёт 37 номгӯй китоби бадеӣ ва илмию ҷамъиятӣ бо теъдоди 80 ҳазор нусха нашр гардид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






