НБО дар водии Рашт навсозӣ мешаванд
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо сафири Созмони ҳамкорӣ дар Аврупо Ивар Ваки баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои иҷрои барнома дар соҳаи энергктика бо мақсади мустаҳкам намудани манбаи техникиву меъёрӣ дар бахши нерӯгоҳҳои хӯрд дар Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳо дар бахши энергетика, инчунин таҷдид ва навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии хӯрди амалкунанда дар водии Раштро мавриди баррасӣ қарор доданд. Пас аз мулоқот ва гуфтушунидҳо ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкорӣ дар Аврупо дар соҳаи энергктика ба имзо расонида шуд. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ин бахш барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






