Нигора донишҷӯи Консерваторияи Урал шуд

Январь 23, 2013 16:35

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар соли таҳсили 2012-2013 84 нафар ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов дохил гардиданд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Консерваторияи миллӣ Раҷабмад Амиров 23 январ. Дар соли сипаригашта 64 нафар Консерваторияро хатм намуданд, ки се нафари онҳо сазовори дипломи аъло гаштанд. Ба тариқи гузариш ба курси 1-уми созҳои оркестрии Консерваторияи давлатии Урал ба номи Мусоргскии Федератсияи Русия Нигора Ҳалимова дохил шуд. Шартномаи идомаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи фарҳанг ва санъати шаҳри Маскав ва Академияи фарҳанг ва санъати шаҳри Кемероваи Федератсияи Русия ба имзо расид, гуфт Раҷабмад Амиров. Лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз ҷониби вазоратҳо ва созмонҳои хориҷӣ амалӣ гашта, дар мустаҳкам намудани базаи моддию техникии Консерватория ва тайёр намудани кадрҳои мусиқии касбӣ саҳми назаррас гузоштанд. Барои беҳтар шудани сатҳи дониш аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо китобхонаи электронӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ дар соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 3 миллиону 403 ҳазору 699 сомониро ташкил медиҳад, ки тибқи буҷаи тасдиқнамуда мақсаднок истифода шудааст.

Январь 23, 2013 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!