Нисбат ба соли 2011 6013 муҳоҷир камтар шудааст
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишаст сардори хадамот Сафиалло Девонаев доир ба Низомномаи Хадамоти муҳоҷират, баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандон, инчунин дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа сухан гуфт.Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 877 335 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷа сафар намудаанд, ки аз ин теъдод 753 328 нафараш мард ва 124 007 нафараш зан мебошад. Ба иловаи С. Девонаев аз шумораи умумии шаҳрванди ба хориҷа сафарнамуда 744 360 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки нисбат ба соли 2011 6031 нафар кам аст. Зимнан бояд гуфт,ки Хадамоти муҳоҷират на танҳо шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, балки рафтуомади тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро ба самтҳои гуногун ба ҳисоб мегирад. «Хадамоти муҳоҷират бо мақсади танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва бахусус дар Федератсияи Русия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо, ҷараёни касбомўзии муҳоҷирони меҳнатӣ, вусъати равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, назорати риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар давлати мо будубош менамоянд, фаъолиятро вусъат дода, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷират тадбирҳои амалӣ меандешад»,- зикр намуд сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиаллоҳ Девонаев.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






