Оғози амалиёти пиёдагард
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон Раёсати БДА ВКД ҶТ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 1 то 10 –уми феврали соли 2013 амалиёти пиёдагардро мегузаронад. Аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мешавад,ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд ва ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Дар ин бора аз шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






