Оғози Фестивали «Суруди Сарбоз»
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Имрўзҳо бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиа дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 20- солагии Рўзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариши руҳияи ватанпарастии ҷавонон миёни қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе даври аввали Фестивали сурудҳои ватандўстонаи «Суруди Сарбоз» оғоз гардида, ҷараён дорад. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Кумитаи мазкур хабар доданд, бо ин мақсад имрӯз дар байни қисмҳои ҳарбии 08010 Вазорати мудофиа дастаҳои қисмҳои ҳарбии 02060, 17651 ва 02214 чорабинӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ дар баробари сурудҳои ватанпарастона, ҳамчунин гӯшаҳои деворӣ, саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва хониши бадеӣ низ пешкаши тамошобинон гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






