Омода намудани 298 нафар зан ба вазифаҳои роҳбарӣ
Душанбе, 26 январ. (АМИТ “Ховар”, Ибодат Давлатова).-Шумораи занону духтароне, ки дар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ба 4586 адад расид, -зикр гардид дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кумита бо мақсади иҷрои “Барномаи давлатии тарбия, интихобот ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҶТ аз ҳисоби занону духтарони лаёқадманд барои солҳои 2007-2016” дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор махзани кадриро дар ҳайати 298 нафар омода намуда, ба бахши мушовири давлатӣ оид ба сиёсати кадрии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Инчунин соли сипаригашта шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила 26 курси омӯзишии “Зан- роҳбар”, “Нақши зан дар сиёсат”, “Гендер ва тараққиёт” -ро доир намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






