Омодагӣ ба 38-умин вохӯрии Шӯрои мудирони БИР
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Душанбе вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Бонки исломии Рушд таҳти роҳбарии ноиби Президенти БИР Аҳмад Тиктик доир гардид. Аз рӯи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҷараёни мулоқот перомуни нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки мазкур дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, омӯзиши таҷриба ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт. Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифта, ба омодагиҳо ҷиҳати баргузории 38-умин вохӯрии Шӯрои мудирони БИР, ки моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳи бештар дода шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






