Омодагии Тоҷикистон ба чорабинии сатҳи баланд
Душанбе, 31 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба омодагӣ ба конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар робита ба ин имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимов ҷаласаи нахустини гуруҳи корӣ ҷиҳати омодагӣ ба конфронси мазкур баргузор гардид. Зикр шуд, ки Маҷмааи кулли Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ соли 2010 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълон намудани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ба инобат гирифта, бо дастгирии якдилонаи кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз қатъномаи махсус қабул намуд, ки тибқи он Соли 2013- соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардид. Иштирокдорони ҷаласа доир ба омодагии Тоҷикистон ба ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ-конфронси сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об табодули назар карданд. Зикр шуд, ки Конфронси байналмилалӣ 20-21 августи соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои СММ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар ҷаласа гуруҳҳои корӣ вобаста ба мавзуъҳое, ки дар ҷараёни конфронс матраҳ мегарданд, созмон дода шуданд. Инчунин лоиҳаи консепсияи конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баррасӣ гардида, ҷиҳати мукаммал намудани он аз ҷониби аъзои гуруҳи корӣ пешниҳодҳои ҷолиб ва мушаххас ироа шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






