«Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр гардид
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашри пурраи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, падида ва шароитҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро, ки дар замони гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ба амал меоянд, инъикос менамояд. Аз рӯи иттилои Агентии мазкур, дар маҷмӯаи солонаи оморӣ нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои 6 сол гирдоварӣ шудаанд. Дар бораи аҳолӣ, вазъи демографӣ, тандурустӣ, маориф, ҳаёти илмию фарҳангии мамлакат маълумот пешниҳод шудааст. Дар маҷмӯа нишондиҳандаҳои ҷудогона, ки вазъияти соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ, саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, соҳаҳои хизматрасонии аҳолиро тавсиф мекунанд, бештар ҷой дода шудаанд. Яке аз бобҳои маҷмӯа, тавсифи умумии корхонаю ташкилотҳо, иттилооти соҳибкории хурд ва ҷараёни хусусигардониро дар бар мегирад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






