Озмун барои дарёфти ҷоизаи Лоҳутӣ
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Кумитаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ барои дарёфти ин ҷоиза дар соли 2013 озмун эълон мекунад. Озмун дар чор бахш – «Беҳтарин маводи нашршудаи матбуотӣ», «Бехтарин барномаи телевизионӣ», «Беҳтарин маводи радиоӣ» ва «Беҳтарин асари илмӣ- тадқиқотӣ дар соҳаи журналистика» гузаронида мешавад. Дар озмун танҳо нафароне ҳуқуқи иштирок доранд, ки ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шудаанд. Қабули мавод то 1- уми марти соли ҷорӣ идома ёфта, барандагони ҷоиза рӯзи 11 март, дар маросими ҷашни Рӯзи матбуот муайян мешаванд. Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ олитарин ҷоизаи журналистӣ дар кишвар буда, ҳанӯз аз соли 1968 ҳамасола ба журналистони муваффақ супорида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






