Озмуни «Рушд Бизнес-инфо» барои хабарнигорон
Душанбе, 22 январ . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) –Шўрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон шумораи нахустини нашрияи расмии худро бо номи «Рушд Бизнес-инфо» аз чоп баровард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ассотсиатсияи мазкур хабар доданд. Рисолати аслии нашрия аз баррасиву таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ, таҳқиқи мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли он, пешбинии дурнамои рушди соҳибкорӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳибкории ватанӣ, инчунин муаррифии соҳибкорони муваффақ ва дар маҷмуъ ба вуҷуд овардани фарҳанги мутамаддини соҳибкорӣ дар кишвар иборат мебошад. Тавре ки хабар дода шуд, нашрияи «Рушд Бизнес-инфо» бо забони тоҷикӣ нашр шуда, шуруъ аз соли нави 2013, Шўрои Ҳамоҳангсозӣ дар доираи фаъолияти нашрияи расмии худ, миёни рўзноманигорон ва коршиносони соҳавии кишвар озмуни беҳтарин мақолаҳоро дар мавзўи соҳибкорӣ низ эълон доштааст, ки ҳар семоҳа натиҷаҳои онро эълон мекунад. Муаллифони мақолаҳои беҳтаринро барои ҷойи аввал – 1000 сомонӣ, ҷойи дуюм – 600 сомонӣ, ҷойи сеюм – 400 сомонӣ ва ҷойи чорум – 200 сомонӣ мукофоти нақдӣ интизор аст.Мақолаҳо ба нишонаи электронии Шўро – ksbat@mail.ru ё дафтари кории он дар шаҳри Душанбе: бинои меҳмонхонаи «Гулистон-тур», ошёнаи 2-юм қабул мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






