Пардохти маоши сохтмончиён бо мусоидати Намояндагӣ
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Моҳи декабри соли 2012 дар шаҳри Санкт – Петербург ба корманди дар сафари хизматибудаи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ дар ФР аз номи гуруҳи сохтмончиёни тоҷик аризаи муҳоҷири меҳнатӣ – шаҳрванди ҶТ, зодаи шаҳри Кӯлоб Иззатулло Давлатов, соли таваллудаш 1976 ворид шуд. Дар он муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардаанд, ки Намояндагӣ дар гирифтани музди меҳнаташон мусоидат намояд.Тавре ки муайян шуд, И.Давлатов бо ҳамроҳии 8 нафар сохтмончии тоҷик дар давоми 5 моҳи соли 2012 дар як қатор кӯдакистонҳои ш.Санкт – Петербург корҳои таъмиру сохтмониро ба анҷом расонидаанд. Ҳаҷми умумии корҳои иҷрошуда 600 ҳазор рубли русиро ташкил намудааст. Вале аз ин миқдор ба сохтмончиён танҳо 270 ҳазор рубл ба сифати музди меҳнат пардохта шудаасту халос. Маблағи боқимонда аз ҷониби шахси миёнарав Игор Фёдоров бо сабабҳои номаълум дар давоми 3 моҳ ба таъхир меафтад.Баъд аз гузаронидани суҳбат бо корманди Намояндагӣ И. Фёдоров дар моҳи январи соли 2013 маоши боқимондаи муҳоҷирони меҳнатиро, ки 330 ҳазор рублро ташкил медод, пурра пардохт кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи матбуоти Намояндагии ХМ дар ФР хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






