Парлумон ба қонуни ипотека тағйирот ворид менамояд
Душанбе, 7 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрўз аъзои Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон як қатор масъалаҳои муҳимро, ки ба рушди соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд, баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, аъзои Шўро лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи ипотека», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи боҷи давлатӣ» -ро муҳокима намуданд. Аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Протокол оид ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи Марокаш доир ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро матраҳ намуданд. Бархе аз масъалаҳои баррасишуда, ҷиҳати муҳокима ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон пешниҳод гаштанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






