Парлумон ба ду қонуни конститутсионӣ тағйирот ворид мекунад

Январь 21, 2013 15:39

Душанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро 21 январ аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир гардид, баррасӣ намуданд. Аз Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷа», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», «Дар бораи омори давлатӣ», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро муҳокима намуданд. Зикр гардид, ки ҳадафи пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои мазкур ба Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои қонунгузории мамлакат ба шумор меравад.

Январь 21, 2013 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад