Парвизи 17- сола ба ҳалокат расид
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Ба иттилои корманди шуъбаи ташвиқоту тарғиботи раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов шабонарӯзи гузашта дар роҳи мошингарди ҷумҳурӣ 6 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки ба асари он 1 нафар ба ҳалокат расида ва 9 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ мошини тамғаи “Opel astra” таҳти идораи ронанда Баротов Қумриддин Абдусаидович ҳангоми ҳаракат пиёдагарди дар канори роҳбуда Парвиз Хидирови 17- соларо бо қисми пеши мошин пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






