Пешгирии миқдори зиёди маводи мухаддир дар ВМКБ

Январь 14, 2013 11:30

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Роҳандозии як амалиёти муваффақ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо мусодираи беш аз 15 кило маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ ба поён расид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин амалиёт аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ анҷом дода шуд ва онҳо муваффақ шуданд, ки аз вуруди миқдори бағоят калони мухаддирот аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ намоянд. Ба иттилои манбаъ, кормандони фаврӣ тибқи маълумоти дастрасшуда дар қаламрави рустои Шанбедеҳи ноҳияи Ишкошим як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бо халтаи пур аз маводи хамирмонанди рангаш қаҳваӣ ва бастаҳои дорои моддаи бӯи махсус дошта боздошт намуданд. Озмоишгоҳи ташхиси судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ наздик ба 5 кило афюн ва 11 кило ҳашиш будани моддаҳои мусодирашударо таъйид намуд. Аз “меҳмони” афғонӣ, ки ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур карда буд, дар маҷмуъ бешр аз 15 кило мухаддирот мусодира карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса шуъбаи тафтишотии Агентӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Январь 14, 2013 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд