Пешгирии савдои маводи мухаддир аз ҷониби кормандони КДАМ
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни як амалиёти фаврию ҷустуҷўӣ, чанде қабл, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат кўшиши ба савдо расонидани маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор аз тарафи кормандони мақомоти амнияти миллӣ шаҳрванд Исломбек Султонбеков, соли таваллудаш 1951, зодаи ноҳияи Рўшон боздошт шуд. Ҳангоми азназаргузаронии шахси номбурда аз ў 994, 3 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Мавриди зикр аст, ки боздоштшуда Исломбек Султонбеков соли 2009 тибқи моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд. Соли 2011 тибқи Қонуни авф ва бо назардошти синну сол аз маҳбас пеш аз муҳлат озод карда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






