Пешниҳоди маҳсулоти нуқрагин аз «Майрамбибӣ»
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар шаҳри Қӯрғонтеппа як корхонаи хурди заргарии ҶДММ «Майрамбибӣ» ба истифода дода шуд, ки дар он маҳсулоти заргарии нуқрагин бо анъанаҳои халқии тоҷикӣ истеҳсол мешаванд.Дар айни замон дар корхонаи заргарӣ 10 нафар фаъолият дорад ва тибқи нақша дар оянда 40 нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин мешаванд.Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақшаи амал оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар солҳои 2012-2013» соли 2012 дар ҷумҳурӣ 237 корхона ва коргоҳи нав бо 5 356 ҷийи кор, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 67 корхона ва 42 коргоҳ таъсис ёфтааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






