Пешниҳоди ниҳолҳо ба мизоҷон
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи миқдори ниҳолҳои ороишӣ (ҳамешасабз), мевадиҳанда, сояафкан ва гулҳоро дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст. Тибқи он дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 намуди ниҳолҳо тайёранд. Ниҳолҳоро аз муассисаҳои тиҷоратии хоҷагиҳои ниҳолпарварии ноҳияҳои Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Зафарободи вилояти Суғд, Қабодиёни ноҳияи Қабодиён, Восеи ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон, Ваҳдати шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рашт ва аз Мортеппаи ноҳияи Ҳисор дастрас намудан мумкин аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






