Пирӯзии теннисбозони тоҷик дар Эрон
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Варзишгарони тоҷик дар риштаи тенниси рўи миз дар ҳайати ҷуфтӣ дастаи Озарбойҷонро бо натиҷаи 4 бар1 мағлуб карда, дар даври дигар аз тими Эрон шикаст хӯрданд ва ҳамин тавр, медали биринҷии мусобиқоти байналмилалиро ба даст оварданд. Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Қазвини Ҷумҳурии Исломии Эрон аввали моҳи январи соли 2013 баргузор шуд ва дар ин мусобиқа Тоҷикистонро се варзишгар: Ҳусейн Сомониев, Ҳувайдулло Султонов ва Дамири Шодӣ намояндагӣ карданд. Баъди анҷоми мусобиқа ин варзишгарони тоҷик дар машғулиятҳои таълимию варзишӣ тӯли 10 рўз дар ин кишвар ширкат намуданд. Ба иттилои сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев охири моҳи феврал Федератсияи тенниси рўи миз дар кишвар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор менамояд ва аз миёни онҳо лаёқатмандонро ба чемпионати ҷаҳон, ки 13 — 20-уми май дар шаҳри Парижи Фаронса доир мешавад, интихоб намуда, равон хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






