«Президенти мардумӣ» — портрети сиёсии Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар»). — Дар нашриёти «Шарқи озод» китоби сиёсатшинос Саидмурод Фаттоев ва нависанда Мансур Сайфиддинов таҳти унвони «Президенти мардумӣ» бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баромад. Он аз ду портрети сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иборат буда, саҳми бузурги ўро дар ташаккули давлати мустақили тоҷикон дар поёни ҳазорсолаи гузаштаву оғози ҳазорсолаи нав инъикос менамояд. Дар китоб аз ҷумла омадааст: «Эмомалӣ Раҳмон бидуни шак дар миёни сиёсатмадорони ИДМ ҷойгоҳи баланду сазовор дорад. Албатта, ин тасодуфӣ нест. Вай пуштибонии халқи куҳанбунёду соҳибхиради худро сазовор шуда, ба истиқрори сулҳ ва таҳкими тафоҳуми созиш дар мамлакат ноил гардид ва бо ин амали хеш ба эътирофи байналмилалӣ низ соҳиб шуд. Гуфтаҳо ва андешаҳои сиёсатмадорони машҳур, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ гувоҳи ин маъруфиятанд». Бояд гуфт, ки ин баҳои воқеӣ ҷавҳари фаъолияти доманадори Сарвари давлати тоҷиконро ба нафъи халқу миллат бозгў менамояд.Маҷмўа ба сиёсатмадорон, таърихнигорон, файласуфон, ҳамчунин доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






