Р. Менглиев: «Адвокатшавандаҳо фаъол нестанд»
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Таҳияи Қонун «Дар бораи адвокатура» моҳи марти соли ҷорӣ ба анҷом мерасад. Дар ин бора 22 январ зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири адлияи ҶТ Абдуманнон Холиқов ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ҳамчун роҳбари гуруҳи корӣ оид ба таҳияи қонуни мазкур А. Холиқов зикр кард, ки дар таҳияи лоиҳаи қонун ягон мушкилӣ ба назар намерасад.«Мо ният дорем, ки таҳияи қонунро дар моҳи март ба анҷом расонем ва сипас мизи мудаввар ташкил карда, лоиҳаи қонунро ба муҳокима гузорем. Танҳо баъд аз ин мо онро ба баррасии Ҳукумати ҶТ равона месозем»,-таъкид кард А. Холиқов.Ҳамзамон вазири адлияи кишвар Рустам Менглиев аз он изҳори ташвиш кард, ки мутахассисони ҷавон барои гирифтани иҷозатномае, ки ба онҳо ҳуқуқи фаъолияти адвокатиро медиҳад, талош намеварзанд. «Ман инро мушкилии ҳалталаб меҳисобам, зеро ҳар сол мактабҳои олии Тоҷикистонро 2 ҳазор ҳуқуқшинос хатм мекунад, вале ба мо барои гирифтани иҷозатнома танҳо 47 нафар муроҷиат кардааст. Як масъалаи Қонун «Дар бораи адвокатура» низ айнан ҳамин аст. Фаъолияти адвокатҳои мо ва ҷамъияти адвокатҳоро дар кори ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон бояд як андоза қисматбандӣ кард»,-таъкид кард вазири адлия. Тибқи иттилои Вазорати адлия дар соли 2012 барои бурдани фаъолияти адвокатӣ танҳо 37 нафар ҳуқуқ пайдо кардааст. Аризаи 10 нафар ҳуқуқшиноси навкор бинобар ҷавобгӯй набудан ба талаботи касбӣ бозгардонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






