Риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби мансабдорон

Январь 15, 2013 14:37

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар ҷараёни гузаронидани назорати техникӣ 52 нафар шахси мансабдори корхонаҳои қайдшуда барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, шахсоне ки ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд, тибқи Кодекси ҳуқуқваронкунии маъмурӣ ҷарима карда шуданд. Маблағи умумии ҷарима 25 545 сомониро ташкил медиҳад, -гуфт имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон муовини аввали Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати ҶТ Исроил Аламов. Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки Саридора ба нақша гирифтааст, то дар оянда бо мақсади пурзӯр намудани назорати давлатии бехатарии корҳо тамоми тадбирҳои лозимиро андешида, талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқиро оид ба бехатарии саноатӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории ҶТ таъмин намояд.

Январь 15, 2013 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад