Рушди ҳамкориҳои «Амонатбонк» бо БДРЧ
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар»). — Раиси БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова имрӯз дар ҶМЧ бо раиси Шӯрои директорони Бонки давлатии рушди Чин Чен Юан вохӯрӣ намуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ татбиқи лоиҳаи дастгирии соҳибкории хурду миёна ва қарзҳо барои манотиқи куҳистон аз ҷониби филиалҳои «Амонатбонк» ва қаноатмандии роҳбарияти Бонки давлатии рушди Чин иброз гардид. Ҳамчунин дастгирии Бонки давлатии рушди Чин барои татбиқи пешниҳоди лоиҳаҳои ҳаётан муҳим аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар давоми соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гулнора Ҳасанова муҳимияти сохтмони фабрикаи коркарди нахи пахта то маҳсулоти охирин бо истифода аз технологияи муосирро ба саҳми роҳбарияти Бонки давлатии рушди Чин расонид ва ин иқдом аз ҷониби Чин дастгирӣ ёфт. Ҳамзамон ҷиҳати таъмин бо технологияи муосири коркарди нахи пахта ҷониби Чин омодагии хешро изҳор намуд. Масъалаи дигаре, ки дар вохӯрӣ баррасӣ гардид, ин тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия ва қарз буд, ки дар ин самт «Амонатбонк» бо БДРЧ собиқаи зиёда аз 5- сола дорад. Ҷониби Бонки давлатии рушди Чин ин масъаларо низ муҳим арзёбӣ намуда, омодагии ҳамешагии худро изҳор намуд.Дар охир тарафҳо ба қарор омаданд, ки барои вусъати ҳамкориҳои тарафайн аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






