Рушди саноат дар Кӯлоб

Январь 7, 2013 14:15

Кӯлоб, 7 январ.(АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар шаҳри Кӯлоб барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, иҷрои барномаҳои рушди саноати сабук ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум зери назорат қарор дорад. Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 99 млн. 748 ҳазору 600 сомонӣ расидааст. Ба иттилои мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи шаҳри Кӯлоб Баҳром Садиров нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 млн. 569 ҳазору 900 сомонӣ зиёд буда, буда рушди соҳа 107,1 фоизро ташкил медиҳад.Дар ин давра аз ҳисоби маблағгузории дохилӣ 14 корхонаи саноатӣ ва зиёда аз 12 сехи истеҳсолӣ ба кор дароварда шуда, барои 351 нафар шаҳрванд ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

Январь 7, 2013 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд