Рушди варзиш дар Варзоб

Январь 24, 2013 11:48

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Cоли 2012 барои варзишгарони ноҳияи Варзоб соли фаромӯшнашаванда буд. Соли сипаригардида варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, байналмилалӣ ва осиёӣ ширкат намуда, дар маҷмуъ 15 медал, аз ҷумла 9 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд. Инчунин дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ низ иштирок карданд, ки шумораи медалҳои овардаашон 121 ададро ташкил менамояд. Дар ноҳия ду майдони варзишӣ барои 2 000 ҷои нишаст, 10 толори варзишӣ, 40 майдончаи варзишии наздимактабӣ ва 8 майдончаи варзишӣ, ки аз тарафи ҷавонони деҳот сохташудаанд, мавҷуд аст.

Январь 24, 2013 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд