Рўзҳои синамои Қирғизистон дар Хонаи кино
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба 20- солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 15 то 17 январ дар Душанбе Рўзҳои синамои Қирғизистон баргузор мешаванд. Бо ин мақсад ҳамарўза дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони «Тоҷикистон», воқеъ дар кинотеатри «Зебуннисо» намоиши филмҳои ҳунарӣ, мустанади классикӣ ва муосири қирғизӣ ба тамошо гузошта мешавад.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси Иттифоқи синамогарони ҶТ Сафар Ҳақдодов хабар дод, Рӯзҳои синамои Қирғизистон бо ибтикори Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон доир гашта, ба барномаи намоиш филмҳои беҳтарин, аз қабили «Муаллими аввалин» ( коргардон А.М.Кончаловский, «Инҳо аспҳоянд»( коргардон Т.Океев), «Манасчӣ», (коргардон Б.Шамшиев), «Кўҳҳои сафед», (коргардон М.Убукеев), «Машқи оркестр», (коргардон Т. Абулқосимов), «Қалпоқ» (коргардон Ч. Борубаева) ва «Бешкемпир»( коргардон А.Арим Кубат) ворид шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






