Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” минбаъд ҳамасола 25 январ ҳамчун Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил мегардад.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 25-уми январи соли ҷорӣ дар вазорати мазкур бори аввал бахшида ба Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад. Ба гуфти манбаъ, дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он, вазирон ва муовинони собиқ, собиқадорони соҳа, намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳои маъюбон иштирок менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






