Саъдӣ роҳхат ба Британия гирифт
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Дар олимпиадаи 9- уми байналхалқӣ, ки дар Жаутикови Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, Саъдӣ Оқилназарзода, хонандаи литсеи муштараки тоҷикию туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол аз фанҳои математика, физика ва технологияи информатсионию коммуникатсионӣ ғолиб гардид. Олимпиадаи мазкур аз 13 то 19 -уми январи соли ҷорӣ доир ба фанҳои математика, физика ва технологияи информатсионию коммуникатсионӣ баргузор шуд. Ба иттилои ҷонишини мудир оид ба олимпиадаҳои бйналмилалии Литсеи муштараки тоҷикию туркӣ Юсуф Балкаш ба ғолиби олимпиада диплом, медали тилло ва роҳхат барои таҳсил дар Донишгоҳи техникии Қазокистону Британия дода шуд Дар озмун ҳамчунин хонандагон аз 13 кишвар, аз ҷумла Русия, Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки хонандагони дигари тоҷик дар ин олимпиада ду медали нуқра ва чор биринҷиро сазовор гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






