Сафарбаркунии муташаккилона дар вилояти Суғд

Январь 4, 2013 16:59

Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Новобаста аз сардии ҳаво ва ба Ватан баргаштани қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ, имрӯзҳо дар вилояти Суғд сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия идома дорад.Cардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова гуфт, ин иқдом дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор амалӣ мешавад. Дар давоми моҳҳои ноябр-декабр бо мусоидати ҶСШК «Нақлиёт» 30 нафар муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрванди ҶТ ба вилояти Хабаровск сафарбар гардид. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз тариқи расмӣ, тибқи шартномаи ҳамкории дуҷониба ба муддати як сол фиристода шуда, аз ҷониби кордиҳанда бо маблағи роҳкиро, ҷойи кору зист, либоси кориву хӯроки гарм таъмин мешаванд. Бояд гуфт, ки пеш аз сафари муҳоҷирон намояндагони Раёсат бо онҳо суҳбат ороста, оид ба қоидаҳои будубош, касбомӯзию забономӯзӣ ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ мулоқот анҷом доданд. Ёдовар мешавем, ки аз 9 субъекти хоҷагидоре, ки дар миқёси вилояти Суғд фаъолият менамоянд, дар айни замон 3 субъекти хоҷагидор ҷиҳати бо кор таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ машғул мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд.

Январь 4, 2013 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад