Сафина бо «Пойтахт» рақобат дорад?
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам). — «Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар соли 2012 фаъолияти худро тибқи нақшаи чорабиниҳои муассиса ҷиҳати беҳтар намудани сифати барномаҳо, ки барои солҳои 2012-2014 таҳия шудааст, ба роҳ мондааст. Дар асоси нақшаи мазкур як силсила барномаҳои нав, аз қабили «Хонадон», «Иртибот», «Кашшоф», «Далерон», «Ниёиш», «Созу роз», «Фарзия», «Ҳазлнюш», «Ораз», «Ҳукм», «Чарх», «Асолат», «Вақт» рӯи навор омаданд, ки ҳадафи онҳо тарғиби фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани маърифати ҳукуқии аҳолӣ, тарғиби ҳаёти солим ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон аст», — иброз дошт муовини директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карим Азизов дар нишасти матбуотие, ки имрӯз баргузор гардид. Ба қавли К. Азизов имрӯз дар байни телевизионҳои дохилӣ рақобат вуҷуд дорад, аммо он рақобати эҷодист, зеро чанд телевизионе, ки дар кишвар фаъолият мекунад, ҳама бо якдигар алоқа ва ҳамкории пайваста доранд. Бо зикри он, ки имрӯз телевизиони «Пойтахт» низ дар баробари дигар телевизионҳои амалкунанда тамошобини зиёди худро пайдо намудааст, Азизов илова намуд, ки бо назардошти ин мо бояд рақобати эҷодиро ҷонноктар намоем. Зикр шуд, ки дар соли 2013 Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» тасмим дорад, то барои ҷолибтар намудани барномаҳои худ як силсила лоиҳа ва иқдомро пиёда созад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






