Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт расман фаъол гардид
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»). — 22 январи соли 2013 дар давлати Кувайт Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба фаъолият шуруъ кард. Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо мудири шуъбаи Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Кувайт Муҳаммад Аҳмад Ар-Румӣ мулоқот намуд ва дар бораи оғози кори сафорат хабар дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо инкишоф ва вусъати ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни давлатҳоро баррасӣ карданд. Муҳаммад Аҳмад Ар-Румӣ ба ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт ҳамчун рӯйдоди муҳим дар муносиботи ду кишвари дӯст баҳо дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати берунии ВКХ ҶТ хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






